ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ ФОРУМИ
Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»- и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон - 2026-ро баргузор менамояд.
Баргузории чорабинии байналмилалӣ рӯзҳои 28-29 майи соли 2026 дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.
Форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии иқтидори малакаҳои касбии шаҳрвандони мамлакат, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» ташкил ва гузаронида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» бо мақсади рушди малакаҳои касбӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бокортаъминшавӣ барои шаҳрвандони мамлакат дар асоси созишномаҳои грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида истодааст.
Дар доираи Лоиҳа марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, ноҳияи Восеъ ва марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияи Данғара бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, дар онҳо омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддат, эътирофи салоҳияти касбӣ ва рушди малакаҳои касбӣ дар асоси принсипҳои методологияи нави таълим дар асоси салоҳият аз рӯйи 20 касби афзалиятноки соҳаҳои энергетика, сохтмон, сайёҳӣ ва кишоварзӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар Форум намояндагон аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон иштирок менамоянд. Ғайр аз ин, дар чорабинии мазкур намояндагон аз сохторҳои давлатӣ, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва коршиносони соҳа иштирок менамоянд.
Дар доираи Форум озмун аз рӯи касбҳои «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ» гузаронида мешаванд. Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Форум касбомӯзон ва мутахассисони ҷавон (синну соли 17-35) дар озмуни Форум аз рӯи касбҳои интихобгардида бо ҳам рақобат менамоянд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарикони рушд, коршиносон, сармоягузорон, донишҷӯён ва ҳамаи ҳавасмандони рушди малакаҳои касбиро ба Форум даъват менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд