Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЛАКАҲО СОЗИШНОМА ОИД БА ҲАМКОРӢ БО ҚАЗОҚИСТОН БА ИМЗО РАСОНИДА ШУД

                                                                         
29.05.2026, ноҳияи Данғара
Имрӯз дар ҳошияи Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон - 2026 Созишномаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ва "Қоллеҷи индустриалии Талдикорган"-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.
Тибқи созишномаи мазкур ҷонибҳо барои ташкил ва баргузории таҷрибаомӯзии муштараки омӯзгорону таълимгирандагон, ҷалби корфармоён ба раванди таълим ва мубодилаи таҷриба дар самти омода намудани мутахассисони соҳибмалака ӯҳдадор шуданд.
Ба имзо расидани чунин созишнома робитаро миёни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ мустаҳкам намуда, барои омода намудани мутахассисони соҳибмалака шароити мусоид фароҳам мекунад.
 

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид