Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ EPS АЗ МАРКАЗҲОИ ЛОИҲА

Рӯзи 16-уми июли соли 2026 намояндагони Хадамоти рушди захираҳои инсонии Корея ба Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Бохтар ташриф оварданд.
Ҳадаф аз боздид баргузории имтиҳони донистани забони кореягӣ ва малакаҳои касбӣ барои хоҳишмандони кор дар Корея буд.
Зимни ташриф кормандони EPS аз синфхонаи забони кореягии Марказ дидан намуда, дар рафти дарс иштирок карданд. Намояндагони EPS қайд намуданд, ки донистани забони кореягӣ яке аз талаботи асосӣ барои кор дар Корея мебошад.
Қобили зикр аст, ки намояндагони Корея рӯзи 17-уми июли соли 2026 ба Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ва 23-юми июл ба Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд низ ташриф оварданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид