ДАР ЛОИҲА МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА НАТИҶАҲОИ ТАДҚИҚОТ БАРГУЗОР ГАРДИД
Рӯзи 17 сентябри соли 2026 дар Толори тренингии Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” мизи мудаввар аз натиҷаи “Тадқиқоти пайгирии баҳрагирандагон” гузаронида шуд. Дар кори мизи мудаввари зикргардида менеҷери Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ – Сафаров Далер, мутахассисони лоиҳа ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Натиҷаҳои тадқиқоти мазкурро коршиноси Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон – Лоиқ Миров бо таҳлилу диаграммаҳо ба ҳозирин рӯнамоӣ карданд. Зимни баромад Миров Л. доир ба методология ва марҳилаҳои баргузории он, гурӯҳҳои мақсадноки тадқиқот ва кор бо онҳоро ба таври возеҳ ба иштирокчиён пешниҳод карданд. Ҳамзамон зимни кори мизи мудаввар муҳокимарониҳо аз ҷониби иштирокчиён сурат гирифта, дар маҷмӯъ натиҷаҳои тадқиқот хуб арзёбӣ карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд